- теғ
- [تيغ]1. шамшер, ханҷар2. поку, устураи сартарошӣ; теғу ташт маҷ. нур ва офтоб3. лабаи тез ва бурандаи шамшер, корд, поку ва ғ; дами тези олатҳои буранда4. шона дар дастгоҳи бофандагӣ, ки торҳои чизи бофтанӣ аз даруни он мегузарад; аз дами теғ гузарондан куштан, қатл кардан; теғ задан а) бо шамшер зада қатл кардан, шамшер задан; б) ҷангидан; худро ба теғу табар задан ба ҳеҷ сахтӣ ва монеа нанигариста, ба коре иқдом кардан, худро ба обу оташ задан; теғ кашидан шамшер аз ғилоф баровардан, ба ҷанг баромадан; теғ рондан теғ (поку) ба кор бурдан, бо устура тарошидан (мӯйро); теғ кашида нигоҳ кардан бо нигоҳи тунду тез бар касе (чизе) нигаристан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.